Нархи сӯзишворӣ боз боло рафт

Ноябрь 29, 2011 09:26

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, нархи маводи сӯхт, аз ҷумла бензин дар чанд рӯзи охири моҳи ноябр боз боло рафт. Айни замон нархи як литр бензини навъи АИ – 92 -7 сомонию 20 дирам буда ва навъи АИ – 95 бо қимати 7 сомонию 50 ва дар баъзе нуқтаҳои фурӯш бо нархи 7 сомонию 60 дирам ба савдо бароварда мешавад.Бино ба маълумоти манбаъ, арзиши сӯзишворӣ бояд аз 1 – уми ноябр қимат мешуд, вале бо сабаби баргузории ҷашну чорабиниҳои ҷумҳурӣ боло бурдани нархи сӯзишворӣ муваққатан нигоҳ дошта шуд, то ки дар ин рӯзҳо нархи маводи ғизоӣ боло наравад. Имрӯзҳо бо сабаби фаъолият накардани роҳи оҳани Тирмиз — Қӯрғонтеппа интиқоли сӯзишворӣ ба қисмати ҷанубии Тоҷикистон қатъ гардидааст. Ҳоло аз пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ба минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ сӯзишворӣ бурда мешавад, ки ин хароҷоти иловагиро талаб карда ва хоҳ – ноҳоҳ ба нархи сӯзишворӣ ва дигар маводи зарурии рӯзгор бетаъсир намемонад.- Ҳамаи ин болоравиҳои нархи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ муваққатист, зеро се ширкати бузург ба кофтани чоҳҳои газу нафт дар Тоҷикистон машғуланд,- иброз дошт Сулаймон Донаев, ки таҷрибаи 20 – солаи ронандагӣ дар яке аз ин ширкатҳоро дорад.

Ноябрь 29, 2011 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд