НБО – и Варзоб – 1 таҷдид мешавад
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.Аъзои Шӯро лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ» ва дигар санадҳои муҳимро муҳокима карданд. Дар Шӯро ҳамчунин Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон дар бораи таҷдиди НБО – и Варзоб – 1 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум» баррасӣ гардид. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Саиди Ёқубзод, Хайринисо Юсуфӣ ва дигарон роҷеъ ба масъалаҳои дар Шӯро воридгардида сухан гуфта, иброз доштанд, ки лоиҳаҳои қонунҳо барои беҳтар гардидани вазъи некӯаҳволии аҳолӣ барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






