Нигаронии Раиси Маҷлиси намояндагон

Ноябрь 15, 2011 15:52

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 14 ноябр зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар баробари баррасии масъалаҳои рӯзномаи Шӯро, ҳамчунин аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард. Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки мутаассифона, ҳафтаи охир расонаҳои хабарии Русия зимни пахши мавод дар бораи зиндонӣ шудани ду халабони ҳавопаймоҳои ин кишвар дар Тоҷикистон иттилои нодуруст дода, бо ин роҳ заминаи эҷоди фишор ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро ба вуҷуд овардаанд. Ӯҳамчунин иброз намуд, ки баррасии парвандаи мазкур бо риояи тамоми меъёрҳои мурофиавӣ тавассути қонунгузории миллии кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалии он анҷом шудааст.Раиси Маҷлиси намояндагон супориш дод, ки бо ҳадафи баррасии вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаҳои гуногуни Русия аз ҳисоби вакилони ин мақоми олии қонунгузор як ҳайати корӣ таъсис дода шавад. Ҳайати мазкур рӯзҳои наздик ба минтақаҳои кишвари Русия сафар карда, бо вазъияти кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик аз наздик ошно хоҳад шуд.Шукурҷон Зуҳуров таъкид дошт, ки масъалаи мазкур дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин росто, роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози умедворӣ менамояд, ки ин масъала бо роҳи дипломатӣ ҳал шуда, ҳамаи нофаҳмиҳо аз миён бардошта хоҳанд шуд.

Ноябрь 15, 2011 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад