Номзади арзанда
Душанбе, 3 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Номзадии Сӯҳроб Шарифов –директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ дар конфронси ноҳиявии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ ҷиҳати иштирок дар интихоботи миёнадаврии ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3, ки 18 декабри соли 2011 таъин шудааст, пешниҳод гардид.Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ гуфт, пешбарии Сӯҳроб Шарифов, ки дар конфронси ноҳиявии ҲХДТ якдилона ҷонибдорӣ гардид, аз номзади арзанда будани ӯ шаҳодат медиҳад.Сӯҳроб Шарифов 48 сол дошта, зодаи шаҳри Душанбе аст. Факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносовро дар соли 1988 хатм намудааст. Доктори илмҳои сиёсатшиносист .Солҳои 2003-2005 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва аз соли 2005 то инҷониб вазифаи Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






