«Нури Хуҷанд» 10-сола шуд

Ноябрь 14, 2011 11:32

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 11 ноябр дар «Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд 10-солагии таъсисёбии ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат аз тарафи ҳофизони ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» бо роҳбарии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов барномаи рангини консертӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, ба аҳли толор филми ҳуҷҷатӣ оид ба фаъолияти ансамбли шашмақомхонон, ки бо дастгирии Президенти мамлакат созмон ёфтаву ба рушди фарҳангу санъати миллӣ мусоидат менамояд, намоиш дода шуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ин чорабинӣ ширкат намуда, аҳли ансамблро бо ин ҷашн табрик намуд ва иттилоъ дод, ки бо қарори раиси вилоят барои таҷҳизонидани ансамбл бо асбобҳои муосири навозандагӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Ноябрь 14, 2011 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад