Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Бо ташаббуси ҷамеаҳои меҳнатӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шурӯъ аз рӯзи шанбеи 26-уми ноябр дар маркази вилояти Суғд оғози маъракаи ниҳолшинонӣ эълон шудааст. Имрӯз баъди поёни намоиши идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо фаъолон дар маросими ниҳолшинонӣ дар роҳи назди хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ширкат варзид.Аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки рӯзи шанбеи оянда дар маъракаи ниҳолшинонии оммавӣ иштироки ҳазорон сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






