Обро захира намоед
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Душанбе бо сабаби иваз кардани таҷҳизоти зарурӣ интиқоли барқ аз зеристгоҳҳои «Жуков» ва «Истгоҳи обкашии Ҷанубӣ -Ғарбӣ» муваққатан қатъ карда мешавад. Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе гуфт, ҳукумати Душанбе муроҷиати Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»-ро баррасӣ намуда, ҷиҳати муваққатан қатъ намудани интиқоли қувваи барқ аз зеристгоҳҳои «Жуков» ва «Истгоҳи обкашии Ҷанубӣ-Ғарбӣ» иҷозат дод. Манбаъ афзуд, ки дар ҷараёни гузаронидани корҳои васлкунии зеристгоҳи навбунёд дар шаҳраки Гипрозем аз ҷониби Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе интиқоли қувваи барқ аз зеристгоҳҳои «Жуков» ва «Истгоҳи обкашии Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва мувофиқан интиқоли оби нўшокӣ аз «Истгоҳи обтозакунии Ҷанубӣ-Ғарбӣ» аз соати 9-00 то соати 11-00-и рўзи 25 ноябри соли 2011 қатъ карда мешавад.Аз сокинони маҳаллаю кўчаҳои Гипрозем, Нахимов, Навбаҳор, маҳаллаи Пахтакор, шаҳраки ҳарбиён ва интиқоли оби нўшокӣ дар шаҳракҳои 52, 53, 43, 65, 44, 24, 25, кўчаҳои Борбад, Фирдавсӣ, Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ва шаҳракҳои 31, 32, 33, 34, 35, 82, 83, 84, 103, 104, кўчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, Котовский, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенев, Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврўз, Ҳаёти Нав, Конститутсияи ноҳияи Сино хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нўшокиро захира намоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






