Офтоб куҷоӣ?

Ноябрь 1, 2011 16:57

Душанбе, 1 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар рӯзҳои оянда дар баъзе минтақаҳои ҷанубии кишвар ҳавои бебориш ва дар 70% қисматҳои  дигари  ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ боқӣ мемонад.Ҷамила Байдуллоева, сардори  маркази обуҳавошиносии Муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо вазидани ҳавои сард аз қисмати ғарбу шимол ба кишвар муддати як ҳафта аст, ки  ҳаво   сарду боронист. Агар 27 октябр ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 25 дараҷа гарм буд, 28 октябр якбора ҳарорати ҳаво то 13 дараҷа паст фаромад. Инчунин дар ин муддат вазидани ҳавои намнок аз баҳрҳои Миёназамин, Сиёҳ ва Хазар низ ба ҷумҳурӣ мушоҳида гардид. Оё дар охири моҳи октябр чунин сурат гирифтани раванди ҳарорати ҳаво дар кишвар ҳолати муқаррарист? Зимни посух ба  саволи мазкур Ҷамила Байдуллоева афзуд,  ки чунин ҳавои боронӣ дар охири моҳи октябр муқаррарӣ буда, дар аксари солҳо мушоҳида гардидааст. Ҳарорати ҳаво дар  ин муддат дар водиҳо шабона аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона 7-13 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона аз ду дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 3-8 дараҷа гарм, дар пойтахт шабона 5-6 ва рӯзона 9-11 дарҷа гарм мешавад.Бояд зикр кард, ки  бориши зиёди борон ва якбора сард гардидани  ҳаво ба бахши кишоварзии мамлакат таъсири манфии худро гузошт, зеро чунин ҳавои сарду боронӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар зироату полезиҳо монеа эҷод мекунад, хусусан сифати пахтаи дар саҳро бударо паст мегардонад.

Ноябрь 1, 2011 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд