Омили инкишофи ҷомеа
Суғд, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Лоиҳаи барномаи «Таҳсилоти духтарон» аз ҷониби ташкилоти байналмилалии Юнисеф ду сол қабл дар 26 мактаби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти худро оғоз намуд. Алҳол дар ҳамаи 26 мактаби ноҳия ташкилоти кўдакона созмон дода шуда, ба он зиёда аз 600 нафар хонанда фаро гирифта шудаанд. Чанде қабл дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11 ҷамоати Ёва ташкилоти ҷамъиятии «Нури саломатӣ» бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ чорабинии фарҳангию фароғатӣ доир намуд. Дар он мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Дилбар Турсунова дар мавриди таҳсили кӯдакон ва ҳуқуқҳои кӯдак, бахусус таҳсили духтарон дар мактабҳои деҳот сухан гуфт. Муҳассилини ноҳия бо барномаи фарҳангию фароғатии худ таҳсилоти духтаронро омили асосии инкишофи ҷомеа арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






