Омодагӣ ба интихоботи миёнадавраӣ
Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 49 қитъаи интихоботӣ созмон дода шудааст, ки 38 адади он дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ва 11 –тоаш дар қаламрави ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгиранд», — гуфт зимни гузориши худ роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Абдуманнон Додоев дар ҷаласаи Комиссияи мазкур, ки 4 ноябр дар шаҳри Душанбе доир гардид. Зикр шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи миёнадавраӣ дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3, ки 18 декабри соли 2011 муайян гардидааст, тадбирҳои судманд андешида шуда, чорабиниҳо зери назорати доимии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиии ҷумҳурӣ қарор доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






