Омодагӣ ба зимистон ва васли 19 адад трансформатор дар Суғд
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд якҷоя бо шабакаҳои барқи вилоят дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон 19 адад трансформаторро барои камбор намудани кори трансформаторҳои сербор васл намуданд.Инчунин 12 адад трансформатори иловагӣ васл гардида, 1,7 км хатти барқи ҳавоӣ, 28 км хаттисимҳои каммуқовимат ба симҳои баландмуқовимат иваз гардиданд, 3,8 км хатҳои кабелӣ таъмир ва барқарор шуданд.Бояд гуфт, ки дар Нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» 51 тонна равғани турбинӣ ворид шуда, агрегати шашуми нерӯгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳоло барои шабакаҳои барқии вилоят 195,5 тонна равғани трансформаторӣ дархост шудааст, ки аз он ба шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои вилоят 73,5 тонна ворид гардидааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






