Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар ноҳияи Рашт
Рашт, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Аз мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд, ки бо мақсади омодагӣ ба зимистон дар ноҳия ситоди махсус таъсис дода шудааст. Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон 768 ҳазору 610 сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз маблағи пешбинишуда 583 ҳазору 767 сомонӣ барои соҳаи маориф, 121 ҳазору 600 сомонӣ барои соҳаи тандурурстӣ, 28 ҳазору 593 сомонӣ барои соҳаи фарҳанг, 26 ҳазору 650 сомонӣ барои мақомоти давлатӣ, 6500 сомонӣ барои соҳаи сӯхторхомӯшкунӣ ва 1500 сомонӣ барои кишоварзӣ ҷудо шудааст.Дар айни замон муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт бо 44 адад генератор, 2500 литр сӯзишворӣ барои ин генераторҳо, 28 адад гармкунаки барқӣ ва 672 адад печи ангиштӣ таъмин шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






