Парафшонии парчами миллӣ

Ноябрь 25, 2011 11:58

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Зикр шуд, ки бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи асосии давлат – Парчами Тоҷикистон бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул гардид, ки тибқи он ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ ҷашн гирифта мешавад.Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Парафшонии парчам дар ҳар гӯшае баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат мебошад. Дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва бинои дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад, парчами мо парафшонӣ мекунад. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони миллат дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ боло бардошта мешавад.

Ноябрь 25, 2011 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд