Парлумон Буҷаи давлатиро қабул кард
Душанбе, 2 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 хусусияти иҷтимоӣ дошта, 5 миллиард сомонӣ ё 50%- он ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанг ихтисос дода шудааст», гуфт зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов 2 ноябри соли 2011 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони мамлакат.Бояд зикр кард, ки имрӯз парлумони ҷумҳурӣ бо ҳузури роҳбарону масъулини вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2012 баррасӣ ва қабул кард. Вазири молияи кишвар зикр намуд, ки қисми даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2012 -ум 10 миллиарду 160 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоти он 10 миллиарду 340 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба буҷаи соли 2010 мувофиқан 1 миллиарду 860 миллион ва 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ зиёд аст.Дар буҷа маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ҳаҷми 35,8 миллиард сомонӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот 7% ва таваррум 10,5% пешбинӣ гардидааст. Вазир афзуд, ки буҷаи давлатии соли 2012 пеш аз ҳама ба рушди иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ, иқтисодиёт, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва ислоҳоти маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, мақомоти идораи давлатӣ ва дигар бахшҳо нигаронида шудааст.Зикр шуд, ки тибқи пешниҳоди вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳаҷми талаботи хароҷоти буҷаи давлатӣ барои соли 2012 мебоист беш аз 18 миллиард сомониро ташкил медод, вале бо назардошти вазъи иқтисодию молиявии кишвар он дар ҳаҷми даҳ миллиард сомонӣ муайян гардид. Дар иҷлосия вакилон Шодӣ Шабдолов, Муҳиддин Кабирӣ, Амирқул Азимов, Сафаралӣ Гулов ва дигарон доир ба самтҳои афзалиятноки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» фикру андеша ва пешниҳодҳои ҷолибу мушаххас ироа намуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






