Паёми табрикии Cарвари давлат ба муносибати иди Қурбон

Ноябрь 4, 2011 09:44

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди  Қурбон« 4  »  ноябри  соли  2011,  ш. ДушанбеҲамватанони азиз!Рўзи шашуми ноябр иди саиди Қурбон фаро мерасад. Воқеан, он яке аз санаҳои фархунда дар тақвими дини ислом ва суннатҳои неку писандидаи тамоми мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният мегўям. Ҷавҳари асосии иди Қурбон на танҳо тавассути ибодату ниёиш қаробат ҷустан ба Худои таъоло мебошад. Дар тўли асрҳо талқини арзишҳои инсонпарварӣ,  дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои иди саид аст.  Иди Қурбон рўзи имтиҳону озмоиш аст, ки инсон муҳаббату садоқати худро нисбат ба Худои таъоло баён мекунад. Аз ин дидгоҳ, дини мубини ислом дар тарбия ва рушду такомули пайвастаи инсон мекўшад ва бо ин роҳ афзалияти онро нисбат ба дигар мавҷудоти олам нишон медиҳад.  Вале Худованд инсонҳоро сарфи назар аз ирқу нажод, рангу пўст ва забону фарҳанг баробар офаридааст. Аз ин ҷост, ки дар яке аз ҳадисҳои худ ҳазрати Муҳаммад «мўъминро бародари мўъмин» мегўяд. Бешак, дини ислом таблиғгари одамияту инсондўстӣ буда, бояд ғояҳои олии фарҳанги исломӣ барои беҳдошт ва рушди ҷомеа равона карда шавад. Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусулмонони кишвар имконият ва шароити мусоид муҳайё гардид, ки аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва динии худ ба таври васеъ баҳравар шуда, бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳо  маросимҳои диниро озодона анҷом диҳанд. Ҳар шахси сарватманде, ки ба шахсони камбизоат кўмаки моддиву молӣ менамояд, пеш аз ҳама ризои Худовандро ба даст меорад ва як зина ба сўи камолоти маънавӣ боло меравад. Бинобар ин, дар кишвари мо дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кўмак ба эҳтиёҷмандон ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Хусусан аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ва соҳибкорону тоҷирон  чунин амали неку савоб анҷом мегиранд ва мо бовар дорем, ки ин кўмакҳо ба таври доимӣ расонида мешаванд. Бузургони гузаштаи мо фармудаанд: «Агар хоҳӣ, ки номат ҷовидон монад, фарзандро хирадмандиву илму фарҳанг биёмўз!» Бешубҳа, пешрафти ҷомеаи башарӣ, тараққӣ ва шукуфоии халқҳову миллатҳо ба тарбияи солим ва таълими дурусти фарзандон вобастагии зич дорад. Саҳифаҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд: милатҳое, ки фаъолиятҳои камназир, диловариҳои бемисол ва илму ҳикмати пурифтихорро ба ҷаҳониён ба ёдгор гузоштанд, масъулияти ҷиддии тарбияи насли наврасро ба дўш гирифта буданд. Онҳо медонистанд, ки тарбияи солим ва таълими дурусти насли наврас минбаъд боиси ифтихори аҷдодон хоҳад шуд.Ба ин сабаб дар хусуси тарбияи фарзандон, ба хотири дуруст ба воя расонидани онҳо, дар интихоби роҳи дурусти ҳаёти онҳо саҳлангорӣ намекарданд; то ҳадди имкон ҷидду ҷаҳд мекарданд, то бузургтарин ва олитарин афроде ба ҷомеа тақдим намоянд.Ба ин хотир ба ҳамаи онҳое, ки масъулияти таълиму тарбияи ҷавононро ба ўҳда доранд, муроҷиат карда гуфтаниам: шумо, ки мураббиёни имрўзу ниёгони ояндаед, яке аз рисолатҳои муқаддас ва ҳатмии мо тарбияи солим ва дур аз фитнаву фасоди ахлоқӣ, шахсияти хушахлоқу нексиришт, ороста бо ахлоқи ҳамида, мусаллаҳ бо донишҳои муосир, ҳамқадами замон, омодаи хизмат ба ҷомеа ва миллат мебошад. Рукни асосии иди Қурбон анҷом додани маносики ҳаҷ мебошад. Имрўзҳо беш аз панҷу ним ҳазор нафар ҳамватанони мо ба зиёрати Байтуллоҳ мушарраф гашта, фаризаи ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд. Ба ҳамаи онҳо омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳояшонро орзу менамоем.Бори дигар, ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон табрик гуфта, бароятон  тандурустӣ, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хушбахтиву некрўзӣ, барору комёбиҳо, шодмониву хурсандӣ хоҳонам. Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

Ноябрь 4, 2011 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд