Пажӯҳишгоҳи тибби виқоя 80 – сола шуд
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, 25 ноябр, ба муносибати 80 – солагии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии тибби виқояи Тоҷикистон дар маркази тиҷоратии «Пойтахт» — и шаҳри Душанбе конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини вазири тандурустии ҶТ Аъзамҷон Мирзоев, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии тибби виқоя Саидбек Сатторов, роҳбари Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел Урсу, ҳамчунин роҳбарону намояндагони ҳамаи сохторҳои Вазорати тандурустии ҶТ иштирок доштанд. Дар ҷараёни конфронс аз таърихи ташкил ва дастоварду дурнамои пажӯҳишгоҳ нақл карда шуд. Қобили зикр аст, ки Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии тибби виқояи Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии илмӣ маҳсуб шуда, тайи солҳои фаъолияташ беш аз 250 китобу рисолаҳои илмиро ба табъ расонида аст. Ҳоло дар пажӯҳишгоҳ 9 лаборатория фаъолият дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






