Рӯзи таҷлили иди Қурбон муайян шуд
Душанбе, 1 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон, ба мисли Арабистони Саудӣ ва Туркия якшанбе- 6 ноябри соли 2011 ҷашн гирифта мешавад. Қарори марбута оид ба муайян кардани рӯзи Иди Қурбон 1 ноябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки таҳти раёсати муовини авввали раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов бо иштироки сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказии кишвар доир шуд, қабул гардид. Санаи 6 ноябри соли 2011 таҷлил намудани иди саиди Қурбон бо назардошти фикру андешаҳои сархатибон, имомхатибон ва мутобиқ омадани аввали зулҳиҷҷа ба рӯзи ҷумъа ҳамчун рӯзи ид тасдиқ шуд. Тибқи иттилои Т. Аҳмадзод, масъули бахши дафтари матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 6 ноябр соати 7-30 дақиқа дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Қурбон гузошта мешавад. Дар рӯзи Иди Қурбон мардуми мусулмон дастархони идона ороста, ба дидорбинии волидайн, хешу табор, аёдати пирони барҷомонда, ятимону бепарасторон ва беморон рафта, иди Қурбонро муборак мегӯянд, тӯҳфаҳо тақдим месозанд. Инчунин, дар ин рӯз мардум ба қабристонҳо рафта, дар сари қабри гузаштагони худ дуою фотеҳа хонда, арвоҳи гузаштагонро шод мегардонанд.Яке аз фазилатҳои асосии Иди Қурбон қурбонӣ кардан аст. Дар Тоҷикистон асосан барои қурбонӣ кардан чорвои фарбеҳ ва беиллат ба мисли гов, гӯсфанд ва буз истифода шуда, аз се як қисми гӯшти қурбониро ба барҷомондагон ва камбизоатон тақсим менамоянд.Ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ аз рукнҳои асосии дини мубини Ислом буда, баргузории он ба арафаи Иди Қурбон рост меояд. Мавриди зикр аст, ки соли равон 5 ҳазору 500 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷиҳати адои фаризаи ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд, ки дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ теъдоди зойирини тоҷик зиёд аст.Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба ватан 10 ноябр шурӯъ гардида, 2 декабр анҷом меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






