Рақобати чор номзад барои як курсӣ
Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 анҷом ёфт.Се нафар номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ва як нафар ба таври худпешбарӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидаанд. Номзадҳо Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Абдуқаҳҳор Турсунов, ноиби ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ба таври худпешбарӣ, Сӯҳроб Шарифов, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, намояндаи ҲҲДТ ва Сӯҳроб Оймаҳмадов, директори генералии ширкати «Эйшин Экспресс» аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мебошанд.Бақайдгирии номзадҳо дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ имрӯз шурӯъ гардида, то 18 ноябри соли равон идома меёбад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






