Раддияи маркази матбуоти ВКД ҶТ
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар хабаре, ки маркази матбуоти ВКД ҶТ 26 октябри соли равон дар мавриди дастгир шудани корманди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Низомиддин Асомиддинов интишор карда буд, хато роҳ ёфта аст. Ба гуфтаи Палатаи савдо ва саноати ҶТ дар ин хабар мансаби шахси дастгиршуда ба ҳақиқат мувофиқат намекунад. Палатаи савдо ва саноат сабаби инро бо он асоснок мекунад, ки Н. Асомиддинов дар лаҳзаи дастгир шуданаш корманди палата набуд ва бинобар анҷоми мӯҳлати шартномаи меҳнатӣ 23 апрели соли 2010 аз Палатаи савдо ва саноат хориҷ шуда буд. Бинобар ин, маркази матбуоти ВКД хабари қаблан дар ВАО интишоршударо рад намуда ва изҳор менамояд, ки шахси гумонбурда собиқ корманди Палатаи савдо ва саноат аст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






