Раиси беҳтарин интихоб шуд

Ноябрь 29, 2011 11:26

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Раиси иттифоқи касабаи муаллимони факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зӯҳро Ҳамроева чун ғолиби озмун беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар соли 2011 гардид.Чанде пеш дар истироҳатгоҳи «Варзоб» даври хотимавии озмуни ҷумҳуриявии «Раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи соли 2011» байни раисони иттифоқҳои касабаи 16 донишкадаи олии ҷумҳурӣ ва Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.Дар маросими ифтитоҳи озмун раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов, раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурозиқ Ризоев, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонов ва дигарон ширкат доштанд.Хотирнишон месозем, ки соли 2000 анҷумани Х иттифоқи касабаи соҳавӣ баргузор гардида, фаъолиятро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манофеи меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ва зеҳнии кормандони илму маориф ва донишҷӯён мақсади худ қарор дода буд.

Ноябрь 29, 2011 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд