Реҷаи махсуси равуо дар ағбаи Шаҳристон
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи корӣ ба роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор супориш дод, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон тадбирҳои зарурӣ андешанд.Барои сари вақт тоза намудани роҳи мошингарди мазкур аз барф тибқи дастури Раиси вилоят 10 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо ва якчанд техникаи роҳтозакунӣ, аз қабили булдозерҳо сафарбар шуданд. Аз ҳисоби масъулин ва мутахассисон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Мубинҷон Қаюмов дар минтақаи роҳи ағбаи Шаҳристон навбатдорӣ ташкил гардид, ки он равуои нақлиётро тибқи реҷаи махсус таъмин менамояд.Ин роҳ барои мардуми мамлакат, бахусус барои мардуми вилояти Суғд аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад. Аз ин рӯ, бояд аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, ҳаракати нақлиётро дар ин ағба таъмин намуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки алҳол тавассути роҳи ағбаи мазкур мошинҳо тибқи реҷаи муқарраргардида равуо доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






