Роғун сол то сол обод мешавад
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Бо мақсади ободонии шаҳри Роғун ва ҷамоатҳои атрофи он, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар деҳоти Ҷавонӣ ва майдони нав мактаб, дар минтақаҳои Пору, Ғофилобод ва Навобод роҳ, дар деҳоти Эшон ва Обигарм сохтмони хати оби нӯшокӣ идома дорад.Ба гуфти раиси шаҳри Роғун Исматулло Зайдов, дар мавзеъҳои Ғашиёну Ёнахш, ки дорои садҳо гектар замини бекорхобида мебошанд, роҳи нав кушода, хати телефон гузваронида мешавад.Тирамоҳи соли ҷорӣ дар ин минтақаи навобод ба истифода додани заминҳои навкорам оғоз ёфта ва бо дастгирии мутахассисон бори аввал кишти картошка ба роҳ монда шуд. Боиси тазаккур ст, ки ҳоло беш аз 2 ҳазор гектар замин барои истифода ба мардуми маҳаллӣ дода шудааст. Илова бар ин хоҷагиҳои шаҳр дорои 11 ҳазору 428 сар чорвои калон, 36 ҳазору 226 сар чорвои майда, 30 ҳазору 290 сар парранда ва 1900 оилаи занбӯри асал мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






