Роҳи Равмед сохта мешавад

Ноябрь 19, 2011 11:13

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додоев). – Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии имсола бо сокинони ноҳияи Рӯшон зикр намуд, ки аз номи бошандагони деҳаи дурдасти ноҳияи Равмед мактуб гирифтааст ки онҳо роҳи мошингард надоранд. Сарвари давлат дар ҳамон вохӯрӣ масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки барномаро тарҳрезӣ намоянд ва роҳи Ҳиҷез- Равмед дар муддати кӯтоҳ сохта шавад. Пас аз муддате барнома тарҳрезӣ ва сохтмони роҳи мошингарди Ҳиҷез –Равмед бо маблағгузории Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ оғоз гардид. Имрӯз раёсати таъмиру сохтмони роҳҳои автомобилгарди ноҳия бо техникаи мавҷудбуда дар бунёди роҳ пурмаҳсул меҳнат доранд. Аз ҷониби вазорати мазкур барои сохтмони даври аввали роҳ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Ноябрь 19, 2011 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад