Робитаҳои муфиди Тоҷикистон ва шикатьи «AES Group»
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Соҳибкорони аъзои Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба манзури барқарор намудани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо мутахассисони минтақаи Урали Федератсияи Русия мулоқот анҷом доданд. Роҳбарии ҳайати Русияро намояндаи тиҷоратии корхонаҳои вилояти Свердловск дар Тоҷикистон Алексей Осипов ба ӯҳда дошт. Тавре дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Лариса Кислякова зимни суханрониаш зикр намуд,ки ба муносибатҳои байниминтақавӣ вазъияти боварии махсус хос аст. Аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ фиристода шуда, аз он ҷо ҷумҳурии мо маҳсулоти бахши мошинсозӣ, чӯбу тахта ва фулузот мегирад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






