Рушди ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Индонезия
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия Муҳаммад Асручин, ки барои супоридани даъватномаи Президенти кишвараш ҷиҳати иштирок дар Форуми Демократии Бали ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот анҷом дод.Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро аз истифодаи имкониятҳои мавҷудаи ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории кишварҳоро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ мавриди муҳокима қарор доданд.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






