Русия ваколатҳояшро ба Тоҷикистон супорид

Ноябрь 11, 2011 13:38

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тавре президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсия Русия Сергей Катирин дар иҷлосияи IX Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои ИДМ изҳор дошт, Русия ваколатҳои раиси Шӯроро ба Тоҷикистон супурд. Дар маҷлис масоили ҳамкории палатаҳои миллии кишварҳои ИДМ бо палатаҳои савдо ва саноати минтақавӣ ва доир намудани намоишгоҳҳо баррасӣ шуданд.Хотирнишон месозем, ки Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои аъзои ИДМ соли 2002 дар шаҳри Маскав таъсис ёфта буд. Мақсади асосии фаъолияти Шӯро иборат аз дастгирии соҳибкории қонунӣ дар қаламрави кишварҳои Иттиҳод мебошад. Ба ташкилоти мазкур баробари Федератсияи Русия ҳамчунин Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Украина шомиланд. Ҷаласаи навбатии Шӯро моҳи октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ноябрь 11, 2011 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд