Саҳми олимон ва мутахассисон дар бунёди боғҳо
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар бунёди боғҳои намунавӣ саҳми арзанда дорад,- иброз намуд президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҳикматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар». Олимону мутахассисони пажӯҳишгоҳи мазкур бо мақсади татбиқи дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам дар бунёди 250 гектар боғи намунавии ноҳияи Ҷиликӯл ва бунёди 3 гектар ангурзори дорои навъи ангури «Зариф», ки офаридаи олимони Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткории АИ кишоварзии Тоҷикистон мебошад, саҳми арзанда доранд. Бо роҳбарии мутахассисони пажӯҳишгоҳ дар ноҳияи Хуросон 68 гектар боғи зардолу, 16 гектар шафтолу, дар хоҷагии деҳқонии «Асадулло»-и ҳамин ноҳия токзор бунёд шуда ва дар барқароркунии токзори ноҳияи Данғара аз усулҳои нави пешқадами боғдорӣ истифода шуда, дар давоми ду сол ба гирифтани ҳосили ангури навъи кишмиши сиёҳ ноил шуданд. Бо тавсия ва иштироки бевоситаи олимон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 4 гектар боғи ангури навъи кишмиши сиёҳ ва як гектар зардолузори навъи қандак бунёд карда шуд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






