Сафири Русияро ба ВКХ ҶТ даъват карданд
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 30 ноябри соли ҷорӣ сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар ҶТ Юрий Попов ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ даъват карда шуд.
Зимни мулоқот масъалаи афзоиши теъдоди ҳодисаҳои содиршавии амалиёти зӯроварии золимона нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд, муҳокима гардид. Вазорат оид ба чунин ҳодисаҳо, ки вақтҳои охир рӯ ба афзоиш доранд, изҳори нигаронӣ намуд ва иброз дошт, ки куштори ваҳшиёнаи шаҳрвандони Тоҷикистон Расулов Бахтиёр Ғаффорович ва Қурбонқулов Зокир Чориқулович хашму ғазаби тоҷикистониёнро овардааст. Ин гуна воқеаҳо метавонанд пайомади маъракае бошанд, ки чанде қабл аз ҷониби баъзе шахсони ҷамъиятӣ ва расонаҳои хабарии Русия бар зидди муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Бинобар ин ба зарурати хотима бахшидан ба ташаннуҷсозии вазъ дар ин мавзӯъ аз ҷониби ВАО-и Русия таъкид карда шуд.Чунин амалиёт метавонад ба болоравии ҳисси бадбинӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон оварда расонад, ки бар зарари муносибатҳои дуҷониба хоҳад буд.Изҳор карда шуд, ки ҷониби Русияро зарур аст, то оид ба ҷустуҷӯ ва ҷазо додани ҷинояткорон, ҳамчунин барои пешгирии чунин ҳодисаҳо дар оянда тадбирҳои қатъӣ андешад. Сафири Русия итминон дод, ки роҳбарияти худро аз сӯҳбати доиргардида огоҳ месозад ва дар бораи чораҳои андешидашуда ва рафти тафтишот иттилоъ медиҳад.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






