Самбо: Чемпионати ҷаҳон
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дирӯз дар шаҳри Вилнюси Литва мусобиқаи ҷаҳонии самбо миёни мардону занон ба поён расид. Дар қатори 55 давлати ҷаҳон паҳлавонони Тоҷикистон ҳам дар он ширкат карданд. Дар вазни 52 кг Акмалиддин Каримов аз паҳлавони рус Валерий Соронков дар вохӯрии нахустин мағлуб шуда, аз идома додани бозиҳо дар канор монд. Дар вазни 90 кг Фурқатҷон Назриев дар вохӯрии аввал паҳлавони англис Роберт Даниро шикаст дода, дар вохӯрии дуввум бар Пер Аббоудии либери ғолиб омад. Дар вохӯрии сеюм ҳам паҳлавони тоҷик ҳунари воло нишон дода бар Эндикот-Давис Морган пирӯз шуд ва дар вохӯрии навбатӣ аз паҳлавони рус Иван Василчук, ки дар ин вазн чемпиони ҷаҳон гардид, мағлуб шуд. Дар вохӯрӣ барои ҷои сеюм Фурқатҷон Назриев бо паҳлавони ӯзбек Эркин Дониёров қувва озмуда дар он шикаст хӯрд ва дар маҷмӯъ миёни 22 иштирокчии ин вазн дар зинаи панҷум қарор гирифт. Дар ҳисоби даставӣ тими мунтахаби Русия соҳиби ҷои аввал гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






