Санаи бозгашти нахустин зойирин муайян шуд

Ноябрь 9, 2011 12:00

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶДММ «Сомон Эйр», Кумитаи оид ба корҳои дин, сохторҳои қудратии ВКД, Хадамоти гумрук ва шӯъбаи назорати сарҳадии назди фурудгоҳ барои қабули зойирин доир гардид. Дар ҷаласа сардорони хадамот ва шўъбаҳои фурудгоҳ ва намояндагони сохторҳои қудратӣ вобаста ба ташкили хуби кор дар давраи қабули зойирин пешниҳод ва дархостҳои худро иброз доштанд.  Муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин Мухтор Мавлонов иброз дошт, ки барои қабули зойирини  Каъба тамоми чораҳои зарурӣ дида шудааст ва боварӣ ҳаст, ки сохторҳои марбута мекӯшанд то маросими қабули ҳоҷиён бе камбудӣ ба роҳ монда шавад.Аз намояндагони сохторҳои марбута даъват  шуд, ки зимни  қабули хоҷиён муташаккилона фаъолият намоянд. Муовини директори генералии фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе Азиз Иброҳимов итилоъ дод, ки фурудгоҳ барои қабули хоҷиён пурра омода аст.Дар фарҷом ҷиҳати фаъолияти хуб ба чандин корманди ФБД аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ  ифтихорнома супорида ва ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.Аз маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маросими қабули зойирини аввалин 11 ноябр  оғоз гардида, то 3 декабр давом меёбад.

Ноябрь 9, 2011 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд