Сарқонун ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорат мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо донишҷӯён доир гардид.Тавре ки мудири бахши иттилоотию таҳлилии кумитаи мазкур Ҷалолиддин Нуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар рафти чорабинии мазкур М. Неъматов оид ба қабули Сарқонун ва аҳамияти он дар пешрафту шукуфоии кишвар ва ҳаёти ҷавонон ёдовар шуда, донишҷӯёнро таъкид намуд, ки ватанро азизу гиромӣ дошта, марзу буми онро ҳимоя намоянд.Дар рафти вохӯрӣ саволу ҷавоб сурат гирифт ва донишҷӯён ба саволҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.Мувофиқи нақшаи кумита гузаронидани ин гуна чорабиниҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо дар назар аст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






