Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Лотар Матеуси Олмониро дар вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Булғористон оид ба футбол Любослав Пенев иваз намуд. Дар ин бора президенти федератсияи футболи ин кишвар Борислав Михайлов хабар додааст.