Саршумори чорво ба 2 млн. сар наздик шуд
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, то 1 – уми ноябри соли ҷорӣ саршумори чорвои калон дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои дуҳқонӣ (фермерӣ) ва хоҷагиҳои аҳолӣ ба 1 млн. 920 ҳазор сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 56,9 ҳазор сар ё 3,1 фоиз зиёд аст. Тибқи маълумоти Агентии омор, дар давоми моҳҳои январ – октябри соли 2011 сашумори бузу гӯсфанд ба миқдори 130,3 ҳазор сар афзоиш ёфтааст. Аз саршумори умумӣ 92 фоизи чорвои калон ва 83,2 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.Ба иттилои ҳамин манбаъ, афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон 3,8 фоиз, дар Суғд – 1,4, дар ВМКБ – 1,6 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) 3,9 фоизро ташкил дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






