Сатҳи барқрасонӣ дар Хуҷанд ба ифоқа хоҳад омад
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо назардошти торафт сардшавии ҳаво ва вазъи ба амаломада дар интиқоли нерӯи барқ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо иштироки масъулини сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони муассисоти барқрасону назоратии соҳа ҷаласаи фаврӣ доир кард. Бидуни эълони пешакӣ қатъкунии интиқоли нерӯи барқ аз як тараф миёни сокинони маркази вилоят нофаҳмиҳо ба бор орад, аз ҷониби дигар, такрори паёпайи ин амал ба садамаи зеристгоҳҳо, ҷиддан халалдор шудани ҷараёни истеҳсолот дар калонтарин корхонаҳои саноатӣ, аз кор баромадани таҷҳизоти обкаш, ки паёмадаш маҳрумияти аҳолӣ дар бадали чанд соату рӯзҳо аз оби нӯшокӣ аст, оварда мерасонад. Аз маркази матбуоти маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки алҳол бо мақсади таъмини фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, халал наёфтани низоми истеҳсолот бо дастгирии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода масъулин ба ислоҳи вазъият мепардозанд ва рӯзҳои минбаъда сатҳи барқрасонӣ дар қаламрави Хуҷанд ба ифоқа хоҳад омад.Танҳо дар сурати риояи комили талабот вазъи барқрасонӣ ба низом медарояду ҳам сокинон ва ҳам корхонаҳои истеҳсолии шаҳр бемамоният бо барқ таъмин мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






