Семинари аъзои гурӯҳи корӣ
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 27 ноябр семинари аъзои гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи ташаббуси шафоффияти соҳаҳои истихроҷкунанда (ТШСИ) дар Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии тоҷикистон хабар доданд, дар семинар намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ширкатҳои истихроҷкунанда иштирок намуданд.Мақсади семинар иборат аз тезонидани раванди пайвастани Тоҷикистон ба (ТШСИ) бо назардошти талаботи Раёсати байналмилалии ташкилоти мазкур, ҳамчунин истифодаи таҷрибаи он дар Қирғизистон ва Қазоқистон буд.Барои иштирок дар семинар коршиносони таҷрибадори Қирғизистону Қазоқистон даъват шуда буданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






