Семинари мутахассисони аудити дохилӣ
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раёсати аудити дохилӣ ва назорати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи аудити дохилӣ дар сохтори давлатӣ», меъёрҳои касбии байналмилалии аудити дохилӣ ва нақшаи Стратегияи истифодаи маблағҳои давлатӣ дар вилояти Хатлон семинари амалӣ доир намуд. Тавре дар маркази матбуоти Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар семинар 20 нафар мутахассисони шӯъбаҳои аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои Бохтар, Ёвон, Восеъ, Мӯъминобод, Темурмалик, Шаҳритус, Қубодиён, Панҷ ва шаҳри Норак иштирок намуданд.Дар ҷараёни семинар усули тартиб додани нақшаи солона тавзеҳ дода шуд, ки он ҷамъоварии маълумоти заруриро барои таҳлили дастуру низомномаҳо ва таҳқиқи онҳо дар бар мегирад. Семинар мақоми минбаъдаи аудити дохилиро ба манзури мусоидат ба фаъолияти самарабахши ташкилотҳои сохтори давлатӣ муайян намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






