Ш. Хайруллоев бо сафари корӣ озими шаҳри Минск шуд
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев бо сафари серӯзаи корӣ озими пойтахти Беларус — шаҳри Минск гардид.Тавре ки котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷараёни сафар Шералӣ Хайруллоев бо ҳамтои беларуси худ генерал-лейтенант Юрий Жадобини дидору гуфтушунид хоҳад кард.«Зимни мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Беларус баррасии масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои низомиву техникӣ дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар назар аст», — гуфт Ф.Маҳмадалиев.Ба қавли номбурда, дар ҷараёни сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон ҳамчунин аз як қатор қисмҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи Беларус низ боздид хоҳад кард.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






