Шаҳрвандони Тоҷикистон қурбони сӯхтор шуданд
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — 5 ноябри соли 2011 дар шаҳри Подолски вилояти Маскав, бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии сӯхтор дар ҳудуди коргоҳи пластмассаи корхонаи кимиёвӣ сӯхтор ба амал омад.Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сӯхтор дар вилояти Маскав дар бинои ҳаҷмаш 40 ба 15, ки дар он кормандони худи корхона истиқомат мекарданд, ба амал омада, дар натиҷаи он 4 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Тоҷикистон — Раҳимов Мурод Саидмуродович, соли таваллудаш 1990, Раҳматов Олим Раҷабович, соли таваллудаш 1991 ва Мӯсоев Исоҷон, соли таваллудаш 1992 ба ҳалокат расиданд. Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, шӯъбаи тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар шаҳри Подолск кор бурда истодааст. Ба иттилои манбаъ директори ҶСК «Авиатор» Сергей Каткин омода аст хароҷоти ба ватан интиқол додани ҷасадҳоро бар дӯш гирифта, инчунин ба оилаҳои қурбоншудагон ҷубронпулӣ пардохт намояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






