Шариати ислом истеъмол ва фурӯши маводи мухаддирро мамнӯъ эълон кардааст
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 25 ноябри соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон (АНМН) бо намозгузорон ва сокинони атрофи масҷиди ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Душанбе бо мақсади баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ мулоқот карданд. Тибқи иттилои шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН зимни мулоқот вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва роҳҳои раҳоӣ аз бемории нашъамандӣ муҳокима гардид.Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон дин дар ҷомеа нақши басо муҳим дорад. Бо назардошти ин намояндагони Агентӣ чунин мулоқотро зарурӣ шумурданд. Ҳарчанд худи намозгузорон медонанд, ки шариати исломӣ истеъмол, истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир ва дигар моддаҳои мадҳушкунандаро мамнӯъ эълон кардааст.Бо ҳамин мақсад ташкилкунандагони вохӯрӣ аз ҷамъомадагон хостанд, то дар таблиғи тарзи ҳаёти солим ва солимии ахлоқ дар байни ҷавонон фаъол бошанд ва сари вақт ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили истеъмоли маводи мухаддирро пешгирӣ намоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






