Шикасти дастаҳои мизбон дар даври 44-ум
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дирӯз дар доираи бозиҳои чемпионати мамлакат оид ба футбол пешсаф дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар сафар мизбони худ «Вахш»-ро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб кард. Дар даври 44-ум натиҷаи ғайричашмдошт дар вохӯрии байни дастаҳои «Энергетик» ва «Истиқлол» ба қайд гирифта шуд.Ба футболбозони дастаи «Истиқлол» муяссар шуд, ки бо се голи задаи Фарҳод Тоҳиров, ду голии Юсуф Рабиев ва Фатҳулло Фатҳуллоев, як голии Нуриддин Давронов ва Александр Кудришов бо натиҷаи чашмраси 9 бар 0 «Энергетик»-ро шикаст диҳанд. Дар ин рӯз «Парвоз» дар майдони худ аз ССКА «Помир» бо ҳисоби 0 бар 2 мағлуб шуд. Ҷадвали мусобиқа бе тағйирот боқӣ монд. «Равшан» бо 89 имтиёз аз 38 бозӣ дар зинаи аввал «Регар ТадАЗ» бо 77 хол аз 33 бозӣ дар зинаи дуввум ва «Истиқлол» бо 75 имтиёз аз 29 вохӯрӣ дар зинаи 3-юм қарор доранд.Дар сафи пеши нишонзанҳои беҳтарин Комил Саидов аз ССКА “Помир” баъди ду голи задааш дар вохӯрии охирин аз Фозил Сатторов аз дастаи «Равшан» пеш гузашт ва шумораи тӯбҳои задаи худро ба 21 адад расонид. Юсуф Рабиев бо 20 тӯб бо Фозил Сатторов баробар шуд. Бозиҳои мавқуфгузошташуда рӯзҳои 1декабр бо ҳузури «Вахш» — «Истиқлол», 2-декабр «Парвоз» — «Регар ТадАЗ», 3 декабр «Хуҷанд» -«Энергетик» ва «Истиқлол» — «Вахш», 6 декабр ССКА «Помир» — «Истиқлол» ва «Хуҷанд» — «Регар Тад АЗ» ва 7 декабр «Парвоз» — «Энергетик» баргузор мешаванд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






