Шоири тоҷик соҳиби нишони тиллоӣ гардид
Душанбе, 3 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Муассисаи фарҳангии ЭКО нишони тиллоии Фирдавсиро ба Аъзам Хуҷаста, шоир ва таҳлилгари масоили сиёсӣ тақдим кард. Шоҳмансури Шоҳмирзо – корманди намояндагии Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии ЭКО ба АМИТ «Ховар» итилоъ дод, ки нишони Фирдавсӣ, ҳамроҳ бо акси Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ барои шахсиятҳо ва чеҳраҳои шинохтаи фарҳангии минтақа, ки дар ташаккули илму фарҳанг саҳми беназир гузоштаанд, тақдим мегардад.Бояд тазаккур дод, ки шоири тоҷик Аъзам Ҳуҷаста се маҷмӯаи шеърҳои худро таҳти унвони «Чашмаи шоир», «Соярӯшан» ва «Чашмаи зулол» дар Тоҷикистон ва Эрон нашр намуда, имрӯз яке аз шоирони пурмаҳсул дар ҳалқаҳои форсигӯи минтақа ба шумор меравад. Ба иттилои Ш. Шоҳмирзо, муассисаи фарҳангии ЭКО дар оянда маҷмӯаи дигари шоирро низ нашр хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






