Шудгори тирамоҳӣ суст ба роҳ монда шудааст
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, рафти шудгори тирамоҳӣ дар вилоятҳои ҷумҳурӣ суст ба роҳ монда шудааст.
Тибқи дурнамо, шудгори тирамоҳӣ дар ВМКБ дар масоҳати 7 ҳазору 839 гектар, Хатлон – 305 ҳазору 925, Суғд – 209 ҳазору 145 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар масоҳати 95 ҳазору 892 га пешбинӣ шудааст.То 31 –уми октябр дар ВМКБ ҳамагӣ дар майдони 1 ҳазору 700 гектар, вилояти Хатлон дар масоҳати 39 ҳазору 308 гектар, Суғд — 21 ҳазору 267 ё ба андозаи 10,2 фоиз ва дар НТҶ дар масоҳати 8 ҳазору 43 гектар шудгори тирамоҳӣ гузаронида шудааст. Хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки шудгори тирамоҳиро, ки асоси баландҳосилӣ дар рӯёнидани зироату полезиҳо мебошад, сари вақт ва бо сифати баланд анҷом диҳанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






