Шумораи аҳолии Тоҷикистон меафзояд
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи моҳҳои январ — сентябри соли равон сабти таваллуд назар ба ҳамин давраи соли 2010 – ум 11,3 фоиз афзудааст.Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар Агентӣ зикр гардид, ки ҳодисаҳои сари вақт ба қайд нагирифтани кӯдакони навзод проблемаи ҷиддии кормандони бахши омор гардидааст. Дар робита бо ин Агентии омори кишвар тадқиқоти махсусро анҷом дод. Ҳоло теъдоди аҳолии Тоҷикистон 7 миллиону 565 ҳазор нафарро ташкил дода ва нисбат ба соли 2000 – ум баробари 23 фоиз афзоиш ёфтааст.Натиҷаи охирини ба рӯйхатгирии аҳолӣ соли 2013 эълон мешавад, вале аз ҳоло ба назар мерасад, ки шумораи аҳолӣ аз ҳисоби афзоиши таваллуд зиёд гардидааст. Теъдоди аҳолии шаҳрҳо баробари 379 ҳазор нафар афзудааст. 27 фоизи аҳолӣ дар шаҳрҳо ва 73 фоизи он дар деҳот зиндагӣ дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






