Шумораи гирифторони нашъамандӣ кам шудааст

Ноябрь 11, 2011 09:34

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Таҳлили вазъи нашъамандӣ шаҳодат медиҳад, ки имсол ҷараёни асосии нишондиҳандаҳои эпидемологӣ дар муқоиса бо соли 2010 нисбатан мусбат мебошад.  Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, то 1 октябри соли соли 2011 дар муассисаҳои наркологии кишвар 6 ҳазору 777 бемори гирифтори нашъамандӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 239 нафараш зан аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  7,78 % кам мебошад. Бо мақсади таъмини риояи қоидаҳои қонунии гардиши анвои нашъа, маводи психотропӣ ва унсурҳои он дар муассисаҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ 203 маротиба тафтиш гузаронида шуда,  барои ислоҳ намудани камбудиҳои ошкоршуда 16 амрнома пешниҳод гардидааст.

Ноябрь 11, 2011 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд