Швейтсария сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро густариш медиҳад
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили рушди маҷмӯии мамлакат ва вусъати ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария, нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Дафтари кишварии Швейтсария оид ба ҳамкории маблағгузоришаванда чанде қабл дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо директори Дафтари кишварии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Питер Микула баррасӣ шуд.Қайд гардид, ки дар Тоҷикистон 27 лоиҳаи муштарак бо мабағгузории Дафтари кишварии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 32 млн. доллари ИМА мавриди татбиқ қарор гирифт, ки самтҳои гуногунро фарогир аст. Раиси Кумита ба сатҳи ҳамкориҳои байни Ҳукумати мамлакат ва Дафтари кишварии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, оид ба манфиати вусъатдиҳии ин муносибатҳо ибрози назар намуд. «Мо азми қавӣ дорем, ки баҳри муҳайё намудани шароитҳои муфид ва бартараф намудани ҳама гуна монеаҳо ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ тадбирҳои зарурӣ андешем, то ки сармоягузор ва ё соҳибкор дар мамлакат тавонад фаъолияти озодро ба сар бурда, аз имконоту иқтидор ва манфиату даромадҳои воқеӣ бархурдор шавад, ки ин Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манотиқи ҷолиби иқтисодиву иҷтимоии барои сармоягузорони хориҷиву ватанӣ мувофиқ мубаддал хоҳад гардонид» — тазаккур дод Д. Саидов.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






