Симои нави муҳоҷирати меҳнатӣ

Ноябрь 30, 2011 14:51

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Русия механизми алтернативии танзими мавҷи муҳоҷирати меҳнатиро роҳандозӣ мекунад. Ёвари сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград Виталий Илченко зимни суханронӣ дар мизи мудаввар таҳти унвони «Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия: ҷиҳатҳои мусбату манфӣ», ки 29 ноябр дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор гардид, дар ин бора хабар дод. Мувофиқи суханони Илченко, механизми қабули муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ якчанд моҳ пештар рӯи кор оварда ва дар ин муддат беш аз 100 нафар муҳоҷирони тоҷик ба шаҳри Санкт – Петербург омада ва ба кор қабул шуданд.Сармутахассиси Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Бахтиёр Усмонов дар навбати худ зикр намуд, ки системаи қабули муташаккилонаи муҳоҷирон ба кор ба нишондиҳандаҳои сифатии муҳоҷират таъсири мусбат мерасонад. Раиси Ҷамъияти ҷавонону донишҷӯёни Тоҷикистон дар Санкт – Петербург Фаррух Сатторов зимни суханрониаш гуфт, ки яке аз вазифаҳои асосие, ки бояд бо ҳамбастагӣ бо ҳамаи сохторҳои соҳавӣ ҳал карда шавад, иборат аз мувофиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Иштирокдорони мулоқот зарурати такмили қонунгузории Русияро дар масъалаҳои бо кор таъмин намудани муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии онҳо таъкид сохтанд.

Ноябрь 30, 2011 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар шаҳри Новосибирски Русия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ ёфт