Симпозиуми байналмилалии экологӣ дар Кӯлоб

Ноябрь 1, 2011 17:07

Кӯлоб, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ф. Мадаминов). —  Бо  қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  28   то  30  октябри соли  ҷорӣ  дар  шаҳри  Кӯлоб  симпозиуми  байналмилалии  экологӣ барпо  гардид. Дар  симпозиуми экологӣ   олимони  як  қатор  давлатҳои  ҷаҳон  ширкат  варзида,  хусусиятҳои гуногуни  биологии  олами  ҳайвонот ва  растаниҳо, тағйирёбии  муҳити  экологии ҷаҳон, таъсири  инсон ба олами  экологӣ ва дигар масоилро баррасӣ намуданд.  Дар  симпозиум олимони  варзидаи  Тоҷикистон низ  ширкат ва суханронӣ намуданд.

Ноябрь 1, 2011 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш