Сметаи хароҷоти интихобот тасдиқ гардид
Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сметаи хароҷоти тайёрӣ ва баргузории интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Шоҳмансур №3 дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, ки 4 ноябр таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён-Раиси Комиссияи мазкур доир гардид, тасдиқ карда шуд.Дар ҷаласа ҳамзамон роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Абдуманнон Додоев доир ба ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани интихоботи миёнадавраӣ дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур№3 гузориш дод. Мавсуф зикр кард, ки то имрӯз бахше аз нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба омодагӣ ва баргузории интихобот, аз ҷумла ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот, участкаҳои интихоботӣ ва пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон пурра ба анҷом расидааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






