Сохтмони нақби Шаҳристон суръат мегирад

Ноябрь 8, 2011 14:45

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Нақбканӣ дар нақби Шаҳристон воқеъ дар роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» боосуръат идома дорад. То имрӯз дар нақби нақлиёти автомобилӣ ба масофаи қариб 5 ҳазор метр ва дар системаи бодкашӣ ба масофаи 5 ҳазору 87 метр нақб канда шудааст. Дар ин бора ба Амит «Ховар» дар Маркази татбиқи лоиҳаи офияти роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ»-и Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, нақбканӣ аз ду самт ҷараён ёфта, ҳамзамон бетонрезии нақб идома дорад. Хотирнишон месозем, ки сохтмони нақби Шаҳристон, ки дар 180 киллометрии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар сарҳади байни ноҳияҳои Айнию Шаҳристон воқеъ аст, аз ҷониби Коорпоратсияи эъмори роҳу пулҳои «Чайна Роуд»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад.

Ноябрь 8, 2011 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш