Сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ дар Ҷиргатол
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи бунёди 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мешаванд, идома дорад. Масалан, дар ноҳияи Ҷиргатол аз рӯи ҳамин лоиҳа нерӯгоҳи хурди барқии «Питовкӯл» сохта мешавад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, ҳоло ба маҳалли сохтмон таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла ду агрегат ва дастгоҳи махсус оварда шудааст. Қобили зикр аст, ки бинобар номусоид омадани обу ҳаво сохтмони ин нерӯгоҳ муваққатан қатъ шуда, ҳоло кор аз рӯи ҷадвали махсус идома ёфта, сохтмончиён нерӯгоҳи барқиро то охири соли равон ба истифода доданианд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






